Кори фарматсевтӣ

Факултети Кори фарматсевтӣ соли 2014 аз рӯзи таъсисёбии коллеҷ фаъолият мебарад. Соли аввал дар факултети 4 гурӯҳи таълимӣ ба таҳсил фаро гирифта шуда буд, ки дар он ҳамагӣ 60 -нафар донишҷӯён таҳсил мекарданд ва ҳоло бошад дар 38–гурӯҳи таълимӣ, 680-нафар донишҷӯён таҳсили худро давом дода истодаанд. Инчунин аз соли таҳсили 2021-2022 довталабоне, ки МТМУ-ро аз синфи 9 хатм кардаанд низ дар асоси иҷозатномаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумхурии Точикистон бо ихтисоси Кори фарматсевтӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки шумораи онҳо айни ҳол 182-нафарро ташкил медиҳанд.
Факултети Кори фарматсевтӣ дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро ба роҳ монда, таҳти шиори “Саломатӣ – ганҷи бебаҳост” амал менамояд. Донишҷӯёни факултет дар машғулиятҳои амалию назариявӣ инчунин баргузории чорабиниҳои сиёсӣ-фарҳангӣ фаъол буда, дастовардҳои зиёд доранд. Ҳамасола гузаронидани озмунҳои дохиликоллеҷӣ ва берун аз он, аз қабили “Донишҷӯи беҳтарин”, “Ихтироъкори беҳтарин”, “Фурӯғи субҳи доноӣ – китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, “Иншои беҳтарин”, “Омӯзгори беҳтарин”, “Синфхонаи беҳтарин” “Ҳафтаи фаннии кафедра” ба ҳукми анъана даромадааст, ки мақсад аз баргузории ин озмунҳо баланд бардоштани самаранокии сиёсати давлат нисбат ба ҷавонон, ҳавасманд намудани донишҷӯёни болаёқат ва ба ин васила ҷалби онҳо ба донишандӯзию илмомӯзӣ, ҳамчунин тавсеаи тафаккури техникии насли наврас оид ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф” мебошад.
Хушбахтона донишҷӯи бахши 3 ихтисоси Кори фарматсевтӣ Бобоев Абдуллоҳ сазовори унвони Донишҷӯи сол – 2021 ва Сайдализода Ҳайдархӯҷа донишҷӯи бахши 1 ихтисоси Кори фарматсевтӣ сазовори унвони Ихтироъкори сол – 2021 гардиданд. Соли 2022 донишҷӯи бахши 2 ихтисоси Кори фарматсевтӣ Сайдализода Ҳ. дар озмуни ҷумҳуриявӣ Илм фурӯғи маърифат иштирок намуда, сазовори ҷойи аввал ва мукофот гардид. Инчунин, донишҷӯёни факултет дар озмунҳои гирандаи Стипендияи ноҳиявӣ ва стипендияи Президентӣ иштирок намуда, айни замон 2 нафар гирандаи Стипендияи Раиси ноҳия, 1 нафар гирандаи Стипендияи Раиси вилоят ва 2 нафар гирандаи стипендияи Президентӣ мебошанд.
Мутобиқи талаботи ҷомеаи муосир, муассисаи таълимӣ вазифадор аст, ки аз шахси номустақил ва камтавон, шахсияти тавоною фаъол, эҷодкор ва содиқ ба Ватанро ба камол расонад ва ба ҳаёти мустақилона равона созад. Яке аз ҳалли ин масъалаи муҳим ин гузаронидани озмунҳо, олимпиадаҳо мебошад. Ҳадаф аз гузаронидани озмунҳо тарғиби донишҳои назариявӣ, амалӣ, инкишофи шавқу завқи донишҷӯён ва тақвияти кӯшиши онҳо ба фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ, ташкилу беҳдошти курсҳои махсус, маҳфилҳои фаннӣ, ҷамъиятҳои илмии донишҷӯён, инкишофи майлу хоҳиши онҳо ба корҳои эҷодӣ, тарғиби интихоби касб, фароҳам овардани шароити муносиб барои дарёфти донишҷӯёни лаёқатманд ва инкишоф додани нерӯи ақлӣ мебошад. Донишҷӯёни факултет ҳамасола дар Олимпиадаҳои фаннӣ иштирок намуда, дар даври ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои намунавӣ мегарданд.
Қайд намудан бамаврид мебошад, ки ба факултет 2 кафедра мансуб мебошанд: кафедраи “Дорушиносӣ” ва кафедраи “Табиӣ-риёзӣ”. Барои хубу беҳтар ба роҳ мондани кори таълиму тарбия ва баланд бардоштани сифати таълим аз тарафи декани факултет якҷоя бо мудирон ва омӯзгорони кафедраҳо якчанд чораҷӯиҳо дида шудааст:
1. Гузаронидани озмунҳои тахассусӣ;
2. Гузаронидани конференсияҳои илмӣ – амалӣ;
3. Гузаронидани маҳфилҳои фаннӣ;
4. Мунтазам гузаронидани мониторингҳои сифати таҳсилот ва ғайра.
Донишҷӯён фориғ аз машғулиятҳо метавонанд бо хоҳиши худ ба маҳфилҳо номнавис шуда, малакаи касби ояндаи хешро сайқал диҳанд. Барои ин дар коллеҷ ҳамаи шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Бо ташаббус ва кӯшишҳои декани факултет ҳамасола озмуни интилектуалии “Донишвар” тариқи барномаи махсус (Своя игра) гузаронида мешавад, ки донишҷӯён дар он маҳорати худро аз саволҳои тахассусӣ, мантиқӣ, забондонӣ, санъат ва ғайра нишон медиҳанд. (расм)
Дар муассиса оид ба санаҳои таърихӣ ва ҷашну идҳои сиёсиву миллӣ конференсияҳои илмӣ – амалӣ, илми – назариявӣ, илмӣ – тадқиқотӣ, семинар – машваратҳо баргузор мегарданд, ки тавассути онҳо ҳисси ҳувияти миллӣ, ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва хислатҳои неки инсониро дар ниҳоди донишҷӯён гузошта мешавад. Дар ин чорабиниҳо донишҷӯёни факултет фаъол буда, саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Дар самти варзиш низ донишҷӯёни факултет дастовардҳои назаррас дорад. Донишҷӯён бо роҳбарии мураббиёни варзиш дар мусобиқаҳои варзишӣ оид ба намудҳои воллейбол, баскетбол, футболи хурд, теннис, дастхобонӣ, шашка, шоҳмот ва ғайра иштирок намуда, сазовори ҷом ва медалҳо гардидаанд. Дар спортакиадаҳои Ҷумҳуриявӣ, ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва инчунин мусобиқаҳо ва бозиҳои варзишӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон, 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, соҳиби “Ҷоми Раиси вилояти Суғд” оид ба воллейбол, Суперҷоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд оид ба волейбол байни донишҷӯёни коллеҷҳо ва литсейҳо, Ҷоми Раиси вилояти Суғд оид ба намуди волейбол байни бонувони вилоят гардиданд.
Тӯли 9 сол дар маҷмӯъ 837-нафар донишҷӯёни факултет коллеҷро хатм намуда, аз онҳо 13 нафар соҳиби дипломи аъло гардиданд. Хатмкунандагони коллеҷ дар дорухонаҳои марказӣ, давлатӣ ва хусусии Ҷумҳурӣ ва берун аз он кор ва фаъолият бурда истодаанд, ки ин боиси сарфарозии муассиса мебошад.