Deprecated: Array and string offset access syntax with curly braces is deprecated in /home/c/co81540/public_html/engine/classes/templates.class.php on line 217 Deprecated: Array and string offset access syntax with curly braces is deprecated in /home/c/co81540/public_html/engine/modules/sitelogin.php on line 109 DataLife Engine > Версия для печати > Иди парчами милли
Главная > Чорабинихо > Иди парчами милли

Иди парчами милли


25-11-2017, 10:52. Разместил: shahzod
Чорабинии сиёсӣ бахшида ба рӯзи

"Иди парчами миллии Ҷумҳурии тоҷикистон"

 

     Санаи 24 ноябри соли 2017 бо роҳбарии омӯзгор Бобоев Ҷ. ва Нуриддинов А. дар толори коллеҷ чорабинии сиёсӣ бахшида ба Рӯзи Парчам гузаронида шуд. Чорабинӣ бо суруданиИди парчами миллиСуруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.  Донишҷӯён дар саҳна порчаеро аз  «Шоҳнома»-и безаволи  Ҳаким  Фирдавсӣ ёдовар шуданд, ки дар он ҳам корнамоиҳои Коваи оҳангар ва ҳам зулму бедодгариҳои шоҳ Заҳҳок бо моронаш инъикос ёфта буд.  Инчунин, донишҷӯи бахши 3, "Кори ҳамширагӣ пас аз хатми синфи 9” таърихи парчамро ба ҳамагон баён дошт. Парчами Иди парчами миллиҶумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 қабул карда шудааст. Парчам  рамзи давлатӣ мебошад. Дар ин парчам ҳар як ранг маънии худро дорад.  Ранги сурх – рамзи мубориза, чоннисории халк баҳри  озодӣ ва истиқлол аст.  Ранги сафед - рамзи тозагӣ ва покӣ, роҳи сафеди зиндагӣ, осоиштагиву сулҳ, имрӯзу ояндаи дурахшони мост.  Иди парчами миллиРанги сабз бошад,  нишони сарсабзӣ, нумӯъ ва сарбаландӣ, некию хуррамӣ мебошад. Баъд аз чанд лаҳза дар саҳна донишҷӯён оид ба Парчам ва тараннуми Тоҷикистон шеъру сурудхонӣ карданд. Чорабинӣ ниҳоят ботантана гузаронида шуд. Дар охири чорабинӣ донишҷӯён ва омӯзгорони фаъол қадрдонӣ карда шуданд. Мавриди зикр аст, ки дар чорабинӣ малакаи хуби фарҳангсолорӣ ва давраороии донишҷӯён маълуму манзури бинандагон гардид.

скачать dle 11.0фильмы бесплатно
Вернуться назад