Deprecated: Array and string offset access syntax with curly braces is deprecated in /home/c/co81540/public_html/engine/classes/templates.class.php on line 217 Deprecated: Array and string offset access syntax with curly braces is deprecated in /home/c/co81540/public_html/engine/modules/sitelogin.php on line 109 DataLife Engine > Версия для печати > Конфронси илмӣ - амалӣ
Главная > Чорабинихо > Конфронси илмӣ - амалӣ

Конфронси илмӣ - амалӣ


23-11-2017, 15:17. Разместил: shahzod

Конфронси илмӣ - амалӣ дар мавзӯи

"Ёрии аввалин ҳангоми хунравӣ, марҳилаи баъди зоиш"

 

  Санаи 21-ноябр соати 13 00 дар синфхонаи-18 конфренсияи илмӣ - амалӣ, бо номи "Ёрии таъҷилӣ  Конфронси илмӣ - амалӣҳангоми хунравӣ,  марҳилаи баъди зоиш” бо роҳбарии омӯзгори фанни "Кори момоӣ” Мирзораҳимова Меҳрӣ баргузор гардид. Дар ин конфренсия  донишҷӯёни бахши 4, гурӯҳҳои 401-402 ихтисоси "Кори момодоягӣ” баромад карда, оиди хунравиҳои момоӣ маълумот доданд. Дар конфренсияи илмӣ - амалӣ  меҳмонон, аз таваллудхонаи марказии шаҳри Бӯстон, пизишки дараҷаи олӣ Музаффарова Дилором, Наҷмиддинова Малика, Махмудова Гулрӯ Конфронси илмӣ - амалӣҳузур доштанд. Дар конфронс аз тарафи донишҷӯёни бахши 4-уми ихтисоси "Кори момодоягӣ” дар мавзӯи "Хунравӣ, марҳилаи баъди зоиш” конфренсияи илмӣ-амалӣ омода карда шуда, пешкаши меҳмонон гардид.  Аз тарафи донишҷӯ Турдиева Фарзона оиди зоиш ва марҳилаи ҳамроҳакӣ маълумот ва иҷроиши кори амалӣ гузаронида шуд. Боз якчанд донишҷӯён дар мавзӯъҳои  "Зоиш ва марҳилаи ҳамроҳакӣ”, "Хунравӣ”, "Сабабҳои хунравӣ”, "Гурӯҳи хатарнок аз рӯи хунравиҳо”, "Пешистии  машима”, "Хунравӣ, баъди зоиш дар мавриди машимаи ҷудонашуда” ба меҳмонон маълумот доданд. Конфронси илмӣ - амалӣИнчунин дар охир донишҷӯи бахши 4 ихтисоси "Кори момодоягӣ” Нодирова Шаҳноза дар мавзӯи  "Нақши момодоя дар мавриди хунравӣ” баромад карда кори амалии фишориши дудастаи бачадон ва фишориши дастии шоҳрагро гузаронида нишон дод. Сухани ҷамъбастӣ, ба директори муассисаи таълимии ғайридавлатии коллеҷи тиббии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Хоҷаев Бойназар умарович дода шуд. Дар охири суханашон, мӯҳтарам Бойназар Умарович ба меҳмонони конфренсияи мазкур, изҳори миннатдорӣ баён намудан.

 

 

скачать dle 11.0фильмы бесплатно
Вернуться назад