Главная > Чорабинихо > Баргузории ҷашни соли нав
Баргузории ҷашни соли нав29-12-2016, 10:00. Разместил: shahzod |
Баргузории ҷашни соли нави миллодӣ таҳти унвони "Марҳабо Соли Нав”
Феълан, ҷаҳони мутамаддин дар остонаи соли нави миллодии
2017, ки бо мӯчали – "Мурғ”, ё бо таъбири мардуми Ғарб: - "Хуруси оташин” оғоз
меёбад, қарор дорад. Марбут ба
истиқболи Соли Нав, дар МТҒ "Коллеҷи тиббии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров”, як қатор
чорабиниҳои илмиву фароғатӣ доир шуда истодааст. Бинобар ин, баҳри пиёдасозии
сиёсати оқилонаи Сарвари давлат, дар рушди соҳибистеъдодшавии ҷавонон,
маъмурият ва ҳайати устодони МТҒ "Коллеҷи тиббии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров”,
бештар таваҷҷӯҳи донишҷӯёнро ба корҳои илмиву касбомӯзӣ ва иштирок дар
барномаҳои маданиву фарҳангӣ ҷалб менамоянд. Алалхусус, ҳунарнамоии донишҷӯёни ихтисоси "Кори ҳамширагӣ пас аз хатми с. 9”, ки ҳамагӣ 15-16 сола мебошанд, мақбулу писанд ва боиси ҳайрату таҳсини ҳамагон гардид. Гулдухтарон ва навҷавонони ин бахш бо маҳорату санъати хеш исбот намуданд, ки имрӯз наврасону навҷавонони бедордилу соҳибзавқ барои фардои Ватан тарбият меёбанд. Албатта, баъд аз тамошои чунин барномаҳо бо хотири болида ва бо умеди комил изҳор дошта метавонед, ки ояндаи Ватан боз ҳам накӯфолу некрой хоҳад буд. Зеро бо андешаи нек ва завқи воло тарбият ёфтани ҷавонон минбаъд боиси рушдду равнақи ватани азизамон : - Тоҷикистон хоҳад гашт. Соли Нав – соли фараҳмандӣ шавад, Соли иқболу шарафмандӣ шавад! Вернуться назад |