Главная > Чорабинихо > Баргузории интеллект-шоу байни ҳамаи ихтисосҳои коллеҷ
Баргузории интеллект-шоу байни ҳамаи ихтисосҳои коллеҷ23-12-2016, 16:24. Разместил: shahzod |
Баргузории озмуни интеллект шоу бо барномаи "Своя игра”
Санаи 23-декабри соли 2016 бо
ташаббус ва дастгирии муассисон ва
маъмурияти МТҒ "Коллеҷи тибби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров” аз тарафи омӯзгорон
Ҳошимова М. ва Мавлонов Ш. миёни толибилмон озмуни "Интеллект-шоу” бо барномаи "Своя
игра” баргузор гардид. Ин яке аз воситаҳои нави гузаронидани озмунҳо ва санҷиши
донишандӯзии донишҷӯён буда, дар ин озмун донишҷӯёни ҳамаи ихтисосҳо иштирок варзиданд: 1. Ихтисоси "Кори дорусозӣ” – Саидов Б., Раҳмонов С,. Кенҷаев С., Абдулазизова М. ва Солибоев М.; 2. Ихтисоси "Кори ҳамширагӣ” – Собиров Б., Мирахмедова И., Холматова Ш.,
Солибоева Г. ва Ҳикматуллоева М.;
3. Ихтисоси "Кори момодоягӣ” – Турдиева Ф., Маҳмудова М., Эргашева М., Бобоҷонова
М., ва Нодирова Ш.;
4. Ихтисоси "Кори ҳамширагӣ пас аз хатми с.9” – Алиева Р., Азимова Ф., Ҳодиева
Н., Шодмонов Ш. ва Фарзонаи Ф.;
Дар ин озмун ҳамаи иштирокчиён фаъолона иштирок намуда,
маҳорату ҷаҳонбинӣ ва идроку зеҳни худро зоҳир намуданд. "Интеллект-шоу” бо
воситаи компютерҳо ва барномаи "Своя игра” тариқи саволу ҷавоб бо гирифтани "хол”-ҳо
сурат гирифт.
![]() Дар натиҷа донишҷӯёни ихтисоси "Кори ҳамширагӣ пас аз хатми с. 9” бо маҳорату чусту чолокӣ ва ҳозирҷавобии хеш ба аксари саволҳои додашуда посух дода, ҷои аввалро соҳиб гаштанд. Дар фароварди озмуни зеҳнӣ гурӯҳи ғолиб бо 500 сомонӣ ва дигар иштирокчиён бо тӯҳфаҳои пулӣ, аз тарафи муассисони муассисаи таълимӣ сарфароз гардонида шудаанд. Вернуться назад |