Маълумот оиди хабар
  • Диданд: 1 029
  • Муаллиф: shahzod
  • Таърихи руз: 9-11-2016, 22:02
0
9-11-2016, 22:02

Категория: Кафедраи забонхо

Кафедраи забонҳо

 

         Кафедраи "Забонҳо” аз воҳидҳои сохтории МТҒ коллеҷи тиббии ноҳияи  Б.Ғафуров ба ҳисоб меравад. Кафедраи "Забонҳо” апрели соли 2015 таъсис ёфтааст. Аз соли 2015 кафедра барои баланд бардоштани маърифату дониши дониҷӯён ҷаҳд дорад. Кафедраи "Забонҳо” фаъолияти худро барои ихтирои корҳои таълимӣ, ва илмию тадқиқотӣ оиди омӯзиши забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва лотинӣ, фаннҳои таърихи умумӣ, таърихи халқи тоҷик, тайёрии ҳарбиву тарбияи ҷисмонӣ, фалсафа рушд ва мавқеи истифодаи онҳо дар коллеҷи тиббӣ ба роҳ монда шудааст. Кафедраи забонҳоСамтҳои афзалиятноки фаъолияти кафедра дуруст ба роҳ мондани омӯзиши забонҳои тоҷикӣ, русӣ, хориҷӣ, лотинӣ, коргузорӣ, ҳуҷҷатҳои хизматӣ, қоидаи ягонаи омодаи ҳуҷҷатҳо, омӯзиши навиштани номи дорухатҳо, дуруст хонда тавонистани номи дорухатҳо, тартиб додани ҳуҷҷатҳои даркорӣ, тартиб ва ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои воридшаванда ва содиршаванда ва нигоҳдории онҳоро муқаррар менамояд.

Ҳадаф:
  1. омӯзондани донишҷӯён аз фанҳое, ки дар кафедра амал менамоянд;
  2. ташкили дурусти забономӯзӣ дар МТF "Коллеҷи тиббии н.Б.Ғафуров”;Кафедраи забонҳо
  3. бедор намудани шавқу рағбати донишҷӯён ба омӯзиши фанҳои омӯзондашаванда;
  4. истифодаи асарҳои донишмандону мутафакирони тоҷик, рус, англисзабон дар МТF "Коллеҷи тиббии н.Б.Ғафуров”;
  5. риояи забони коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар МТF "Коллеҷи тиббии н.Б.Ғафуров”;
  6. таълими муоширату малакаю маҳорати суханварӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ;
  7. васеъ намудани ҷаҳонбини умуми гуманитарӣ, маърифатӣ ва эстетикаи донишҷӯёни муассиса;

Корҳои тадқиқотии кафедра:

  1. ташаккули маданияти нутқи шифоҳӣ ва хаттии мутахассисони тиббии оянда;
  2. самтгирии муошират дар раванди таълими забонҳои тоҷикӣ, русӣ, хориҷӣ дар муассиса;
  3. омӯзиши барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассиса барои солҳои 2015-2020;

Мудири кафедра:  Муродов И.Ҷ.

^