МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ ҒАЙРИДАВЛАТИИ
"КОЛЛЕҶИ ТИББИИ НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ”
Коллеҷи тиббии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соли 2014 таъсис дода шудааст. Муассиса мутобиқи
Иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ аз 28.06.2014 №8 силсилаи
ВТҲИА №0000006, №24 ва Шаходатнома дар бораи қайди давлатӣ силсилаи №6310009035
аз 17.04.2014, ки аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии
Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дода
шудааст, фаъолият менамояд. Дар Коллеҷи тиббӣ шакли таҳсили рӯзона ба роҳ монда шудааст. Дар муассиса 4 шӯъба фаъолият менамояд ва аз рӯи
ихтисосҳои интихобшуда омӯзгорон мутахассис тайёр менамоянд.Таҳсил бо забони
тоҷикӣ дар тамоми гуруҳҳо ба роҳ монда шудааст. Дар коллеҷ чор кафедра: Кафедраи кори ҳамширагӣ ва анатомия, Кафелраи табиӣ – риёзӣ, Кафедраи забонҳо ва
Кафедраи дорушиносӣ амал мекунанд. Имрӯзҳо коллеҷ дорои зиёда аз 40
кабинету лабораторияҳои фаннӣ, ки онҳо
ба тарзи ҳозиразамон ҷиҳозонида шудаанд, китобхона бо қироатхонааш, китобхонаи электронӣ,
доскаҳои электронӣ толору
майдончаҳои варзишӣ, ошхона, дорухонаи таълимӣ, ва 2 синфхонаи компютерӣ, ки бо шабакаи интернет пайваст мебошанд. Инчунин моҳи сентябри соли 2016 дар Коллеҷи
тиббӣ хобгоҳ барои донишҷӯдухтарон ташкил карда шуд. Хобгоҳи
мазкур пурра таъмир карда шуда, дар он барои донишҷӯён ҳамаи шароитҳо муҳайё
карда шудааст. Коллеҷ аз рӯи ихтисосҳои зерин фаъолият менамояд:
1. Ихтисоси "Кори ҳамширагӣ пас аз хатми синфи 9" - бо додани тахассуси "Ҳамшираи тиббӣ", мӯҳлати таҳсил 4 сол;
2. Ихтисоси "Кори момдоягӣ" - бо додани тахассуси "Момодоя", мӯҳлати таҳсил 4 сол;
3. Ихтисоси "Кори ҳамширагӣ" - бо додани тахассуси "Ҳашираи тиббӣ", мӯҳлати таҳсил 3 сол;
4. Ихтисоси "Кори дорусозӣ" - бо додани тахассуси "Ёвари фарматсевт", мӯҳлати таҳсил 3 сол;