Кафедраи кори ҳамширагӣ ва анатомия
Кафедраи кори ҳамширагӣ ва анатомия аз воҳидҳои сохтории муассисаи таълимии ғайридавлатии ” Коллеҷи тиббӣ”-и н. Б Ғафуров ба ҳисоб меравад.

Кафедраи кори ҳамширагӣ ва анатомия моҳи апрели соли 2016 таъсис ёфтааст. Аз моҳи сентябри соли 2016 кафедра пурра барои тайёр кардан аз рӯи ихтисосҳои ”Кори ҳамширагӣ” , ”Кори момодоягӣ” дар асоси барномаҳои аз тарафи вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, фаъолият дорад. Кафедраи кори ҳамширагӣ ва анатомия фаъолияти худро барои ихтирои корҳои таълимӣ, таълимию методӣ,тарбиявӣ ва илми оид ба масъалаҳои омӯзиши фанҳои тахассуси ба роҳ мондааст. Самтҳои афзалиятноки фаъолияти кафедра дуруст ба роҳ мондани коргузорӣ, ҳуҷҷатҳои хизматӣ, қоидаҳои ягона омода намудани ҳуҷҷатҳо, тартиби гардиши ҳуҷҷатҳои дохилӣ, тартиби ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои воридшаванда ва содиршаванда, назорат ва нигоҳдории онҳоро муқаррар менамояд.
Ҳадаф:
- Тайёр намудани мутаххассисони баландихтисоси кормандони миёнаи тиб (ҳамшираҳои тиб, момодоя) дар асоси ”Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”.
- Баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии донишҷӯён.
- Бедор намудани шавқу рағбати ҷавонон ба касби ояндаи худ.
Вазифаҳои асосии кафедра дар самти:
- Татбиқи сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳури нисбат ба татбиқи барномаҳои миллии соҳаи тиб ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисос.
- Риояи забони коргузори ва ҳуҷҷатнигории мақомоти давлати.
- Таълими муоширати касби дар манбаи ихтисоси интихобнамуда.
- Васеъ намудани ҷаҳонбинии умуми гуманитарӣ, маърифатӣ, эстетикӣ ва деонтологӣ.
Корҳои илмӣ ва тадқиқотии кафедра.
Тайёр намудани маводи дарсӣ ”Асоҳои тиббӣ шарқ ва равоншиносӣ”.
Мудири кафедра: духтури дараҷаи олӣ, аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Иномҷонов М. И.