ЧОРАБИНИҲОИ ИДОНА БАХШИДА
ба таҷлили "Наврӯзи аҷам"
Санаи 19 марти соли 2018 дар МТҒ "Коллеҷи тиббии н.
Б. Ғафуров” чорабинии наврузӣ баргузор
гардид. Байни шӯъбаҳои коллеҷ озмуни
намоиши беҳтарини наврӯзӣ гузаронида шуд.
Намоишҳои наврӯзии шӯъбаҳо пур аз нозу неъмати наврӯзӣ
буд. Донишҷӯён баромадҳои беҳтарини
наврӯзиро пешкаши ҳамагон намуданд.
Дар
толори коллеҷ чорабинии идона баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ меҳмонон олиқадр
ба монанди шоирони шинохта
Озарахш ва Абдуҷаббори Суруш, ҳамчунин номзади
илмҳои филологӣ Нуралӣ Нурзод ва дигарон иштирок доштанд.
Инчунин дар чорабинии идона ҳофизони ҷавон ва шинохта, ба монанди Эркин Одинаев, Дамирбек Олимов ва Фараҳманд Каримов иштирок ва ҳунарнамоӣ карданд.
Мавриди зикр
аст, ки чорабинии номбурда дар сатҳи баланд ва муташаккилона доир шуданд. Ҳамчунин
дар оғозт чорабинии наврӯзӣ озмунҳои "Омӯзгори беҳтарин”, "Роҳбари гурӯҳи
беҳтарин”, "Донишҷӯи беҳтарин” ва "Синфхонаи беҳтарин”
ҷамъбаст гардид, ки
ғолибон аз тарафи муссисон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.