» » Чорабинии идона
Маълумот оиди хабар
  • Диданд: 1 184
  • Муаллиф: shahzod
  • Сана: 29-12-2017, 14:40
0
29-12-2017, 14:40

Чорабинии идона

Категория: Чорабинихо

ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАХШИДА БА

"СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ"

 

Санаи 29 декабри соли 2017 соати 10 00дар толори МТҒ «Коллеҷи тиббии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров»  чорабинӣ дар мавзӯи «Афсонаи солинавӣ» баргузор гардид. Ба толор ҳама донишҷӯён бо билетҳои махсус  ҳозир шуданд. Ҳозир шудани донишҷӯён бо билетҳо беҳуда нест. Чорабинии идонаЗеро дар рафти чорабинӣ бозии лото, аз тарафи муассиса гузаронида шуд, ки  ғолибони бозӣ бо тӯҳфаҳои олиҷаноб сарфароз гардонида шуданд.  На танҳо барои донишҷӯён, балки барои омӯзгорони коллеҷ  ҳам бозӣ гузаронида шуд. Шарти бозӣ: ба омӯзгорон махсус рақамҳо тақсим карда шуд. Чорабинии идонаРақами касе ки  аз дохили  халтача баромад,  соҳиби тӯҳфа гардид. Чорабинӣ  тантана ва диққатҷалбкунанда  буд. Ҳама дар ин рӯз хурсанду бозӣ карданд. Донишҷӯён дар саҳна маҳорати шеърхонӣ, сурудхонӣ ва рақскунии худро ниҳоят ба дараҷаи баланд нишон доданд. Меҳмонҳое, ки  дар чорабинӣ иштирок доштанд, аз рафти  чорабинӣ  хушҳол гаштанд. Чорабинии идонаДар охири чорабинӣ директори  коллеҷ  Хоҷаев Б. У. ҳамагонро бо соли нави мелодӣ табрику муборакбод намуда  ба онҳо сиҳатӣ, саломатӣ ва бурдбориҳоро дар кору фаъолияти оянда таманно намуданд. Инчунин муовини директор оид ба корҳои тарбия Сӯфиев К. М.  суханони табрикотии худро иброз доштанд.

скачать dle 11.0фильмы бесплатно
Шумо ба сайт хамчу мехмон ворид гардидед!
Ба шумо тавсия медихем регистратсия кунед ё бо номи худ дохил шавед.
^