Муассисаи таълимии ғайридавлатии "Коллеҷи тиббии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров” қабули довталабонро барои соли хониши 2018 – 2019 эълон намуда, тибқи низомномаи қоидаҳои қабули муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 01 июли 2018 то 10 августи 2018 қабули ҳуҷҷатҳоро ба роҳ мемонад. Муассиса мутобиқи Иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ аз 28.06.2014 №8 силсилаи ВТҲИА №0000006, №24 ва Шаходатнома дар бораи қайди давлатӣ силсилаи №6310009035 аз 17.04.2014, ки аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, фаъолият менамояд. Дар коллеҷи тиббӣ шакли таҳсили рӯзона ба роҳ монда шудааст. Дар муассиса 4 шӯъба фаъолият менамояд ва аз рӯи ихтисосҳои интихобшуда омӯзгорон мутахассис тайёр менамоянд. Таҳсил бо забони тоҷикӣ дар тамоми гуруҳҳо ба роҳ монда шудааст. Имрӯзҳо коллеҷ дорои зиёда аз 40 кабинету лабораторияҳои фаннӣ, ки онҳо ба тарзи ҳозиразамон ҷиҳозонида шудаанд, китобхона бо қироатхонааш, китобхонаи электронӣ, доскаҳои электронӣ толору майдончаҳои варзишӣ, ошхона, дорухонаи таълимӣ, ва 2 синфхонаи компютерӣ, ки бо шабакаи интернет пайвастанд, мебошад. Инчунин моҳи сентябри соли 2016 дар муассиса хобгоҳ барои донишҷӯдухтарон ташкил карда шуд. Хобгоҳи мазкур пурра таъмир карда шуда, дар он барои донишҷӯён ҳамаи шароитҳо муҳайё карда шудааст.
1. Маълумот дар бораи ихтисосҳои муассисаи таълимӣ
2. Номгўи ҳуҷҷатҳо барои кабул
3. Нархномаи маблаги тахсил дар як сол
5. Намунаи саволҳои имтиҳонӣ (синфи 9)
6. Намунаи саволҳои имтиҳонӣ (синфи 11)
7. Реҷаи кории комиссияи қабул