
Суханронӣ дар мулоқот бо кормандони мақомоти судии кишвар?
Ҳозирини гиромӣ! Дар ибтидо ҳамаи шуморо ба муносибати ифтитоҳи бинои нави Суди Олӣ, ки дар он беҳтарин шароиту имкониятҳои корӣ фароҳам оварда шудаанд, табрик мегӯям. Чанд рӯз пештар мардуми кишвар яке аз санаҳои таърихӣ – 30-юмин солгарди қабули нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлолро таҷлил намуданд. Истиқлоли давлатӣ ҳамчун бузургтарин дастоварди мардуми шарифи Тоҷикистон ва Конститутсия ҳамчун…