Маълумот оиди хабар
  • Диданд: 1 610
  • Муаллиф: shahzod
  • Таърихи руз: 6-11-2016, 21:45
Тағйир дод:shahzod
0
6-11-2016, 21:45

Категория: Рохбарият / Муовини директор оид ба корхои таълими-амали

Муовини директор оид ба корҳои таълимӣ – амалӣ

 

Маҳмудов Шуҳратҷон Муслимович

Собиқаи корӣ: 6 сол.

Муовини директорМуовини директор оид ба корхои таълими-амали оид ба корҳои таълими – амалӣ барои ба танзим даровардани таҷрибаомӯзии донишҷӯён, таҷрибаомӯзии таълими истеҳсолии онҳо ва машғулиятҳои амалии онҳо хизмат мекунад. Вай ба директор итоат намуда, ҳангоми набудани директор ва муовини директор оид ба корҳои таълимӣ директорро иваз менамояд.

Вазифаҳои муовини директор оид ба корҳои таълимӣ - амалӣ

  1. дарёфт намудани заминаҳои нави таълими – амалӣ ва таҷрибаомӯзӣ;
  2. назорат намудан аз болои иҷроиши нақшаҳои таълимӣ ва барномаҳои таълими – амалӣ;
  3. вусъат додани таҷрибаи пешқадам ва услубҳои муосири таълим;
  4. интихоб ва дарёфти омӯзгорон баҳри таъмин намудани ҷараёни таълим;
  5. таъмин намудани назорат аз болои ҳуҷҷатгузорӣ, коргузорӣ ва омодагии омӯзгорон барои машғулиятгузорӣ, инчунин ҳисоботҳои онҳо;
  6. таъмини назорат аз болои сифати машғулиятҳои амалӣ ва расонидани ёрииамалию методӣ ба омӯзгорон;
  7. назорат аз болои кафедраҳо ва иттиҳодияҳои методии фаннӣ;
  8. назорати сифати ҳуҷҷатҳои ҳисоботӣ;
  9. аёдат ва таҳлили машғулиятҳои омӯзгорон;
Маълумот оиди хабар
  • Диданд: 2 134
  • Муаллиф: shahzod
  • Таърихи руз: 6-11-2016, 21:02
0
6-11-2016, 21:02

Категория: Рохбарият / Муовини директор оид ба корхои таълими

Муовини директор оид ба корҳои таълимӣ

Мавлонова Муҳайё Субҳонбердиевна

Собиқаи корӣ: 6 сол.

 Муовини директор Муовини директор оид ба корхои таълими оид ба корҳои таълимии коллеҷ бо розогии муассисон ва бо фармони вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асосӣ пешниҳоди директор ба кор таъин карда, аз кор низ ҳамин тавр озод карда мешавад. Ӯ муовини аввали директор буда, дар набудани директор вазифаи онро иҷро менамояд. Вай  ташкилкунандаи бевоситаи кори таълимӣ-методӣ, такмили ихтисоси омӯзгоронва кормандони таълимӣ - ёрирасонии коллеҷ буда, зери роҳбарии он мудирони шӯъбаҳо, роҳбари тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии ибтидоии ҳарбӣ, шӯъбаи таълимӣ-методӣ, услубшиносон, мудирони кафедраҳо, мудирони кабинетҳо ва лабораторияҳо, инчунин кормандони қисми таълимӣ фаъолият менамоянд.

Вазифаҳои муовини директор оид ба корҳои таълим:

1.Банақшагирӣ, ташкил ва назорат намудани кори таълимӣ - методӣ, шинос намудани кормандони роҳбарикунанда ва омӯзгорон бо нақшаи таълимӣ, барномаҳо, мактубҳои дастурӣ, ҳуҷҷатҳои роҳбарикунандаи фаъолияти таълимгоҳҳои миёнаи касбӣ ва ғайраҳо.

2. Иштирок намудан дар тартиб додани ҷадвали ҷараёни таълим.

3. Тартиб додани лоиҳаи нақшаи ягонаи солонаи корӣтаълиму тарбияи коллеҷ, аз он ҷумла нақшаи кори Шӯрои коллеҷу Шӯрои омӯзгорон.

4.Назорат аз болои сари вақт тартиб додани ҷадвали машғулиятҳо, имтиҳонҳо, машғулиятҳои маслиҳатӣ ва иҷроишӣ ҷадвали ҷараёни таълим.

5. Интихоби омӯзгорон раиси иттиҳодияҳои методӣ-фаннӣ, мудирони кабинетҳо ва лабораторияҳо.  

6.Таъмин намудани назорат аз болои тартиб додани нақшаҳои тақвимӣ-мавзӯӣ, мувофиқати онҳо бо нақшаҳо ва барномаҳои таълимӣ ва модулҳои таълимӣ. Тасдиқ намудан ва назорат аз болои иҷроиши нақшаҳои корӣмудирони кабинетҳо, лабораторияҳо, мудирони кафедраҳо ва дигар ҷузъҳои сохторӣ.

7.Такмил додани ташкили ҷараёни таълим, ворид намудани услубҳо ва шаклҳои (усулҳои) ҳозиразамони самарабахши таълим ва беҳтар намудани омодасозии амалаии донишҷӯён.

8. Назорат аз болои гузаронидани машғулиятҳои кушоду намунавӣва ташкили аёдати байниҳамдигарии машғулиятҳои омӯзгорон.

9.Ёрмандӣ ба омӯзгорнони ҷавон, иштирок намудан дар семинарҳои барои омӯзгорони ҷавон ва омӯзгороне, ки таҳсилоти педагогӣ надоранд.

10. Ташкили саривақтии тартиб додан ва дида баромадани чиптаҳои имтиҳонӣ барои имтиҳонҳои аз курс ба курс гузарони ва давлатӣ.

11.Гузаронидани ҷаласаҳои машваратӣ бо мудирони шӯъбаҳо, мудирони кафедраҳо ва роҳбарони дигар ҷузъҳоӣ сохторӣ роҷеъ ба масъалаҳои кори таълимӣ-методӣ, бо аёният ва таҷҳизоти зарурӣ ҷиҳозонидани кабинетҳо, лабораторияҳо ва ғайраҳо.

12. Аттестатсияи омӯзгорон ва маъмуриятро ташкил ва назорат менамояд.

13. Соле ду маротиба оиди фаъолияти худ дар назди директори коллеҷ ҳисобот медиҳад.

Маълумот оиди хабар
  • Диданд: 1 983
  • Муаллиф: shahzod
  • Таърихи руз: 6-11-2016, 13:29
0
6-11-2016, 13:29

Категория: Рохбарият / Муовини директор оид ба корхои тарбияви



Муовини директор  оид ба корҳои тарбиявӣ

 

Ҷӯраева Каромат Муҳамадовна

Собиқаи корӣ: 21 сол

       Муовини  директор оиди корҳои тарбиявӣ барои пеш бурдани корҳои тарбиявии коллеҷ шахси масъул аст.Корҳои  тарбиявиро бевосита роҳбарӣ намуда, доир ба фаъолияти самаранокии он  масъул аст. Муовини директор оид ба корхои тарбияви

 

Вазифаҳои муовини директор оиди корҳои тарбиявӣ:

  1. Ташкилкунандаи бевоситаи корҳои тарбиявӣ;
  2. Ба нақшагирии корҳоиттарбиявӣ;
  3. Тартиб додани ҷадвали соатҳои тарбиявӣ;
  4. Тартиб додани рӯзномаи маҷлис ва нақшаи кории шӯрои кураторон ва роҳбарони гурӯҳҳо;
  5. Тартиб додани гӯша бо матни Қоидаҳои тартиботи дохилии коллеҷ, баррасӣ намудани он ва назорат намудани иҷроиши он аз ҷониби кормандон ва муҳассилин;
  6. Интихоб намудани роҳбарони гурӯҳҳо;
  7. Корҳои тарбиявии роҳбарони гурӯҳҳоро назорат намудан;
  8. Босифат гузаронидани соатҳои тарбиявиро назорат нумудан;
  9. Ба нақшагирӣ, ташкил ва назорати тарбияи ғоявӣ, бо назардошти сисати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар роҷеъ ба тарбия намудани шахсони сазовори ҷомеа;
  10. Ба нақшагирӣ ташкил ва назорати ботантана гузаронидани ҷашнҳо, чорабиниҳои миллӣ ва байналхалқӣ, ки аҳамияти муҳими тарбиявӣ ва сиёсӣ доранд;
  11. Ташкил ва назорат намудани кори мураббиёни хобгоҳ ва Шӯрои донишҷӯён дар хобгоҳ ва коллеҷ;
  12. Ташкил ва назорат намудани корҳои навбатдории омӯзгорону донишҷӯён, дар биноҳои таълимӣ ва  хобгоҳи  коллеҷ;
  13. Ташкил ва роҳбари намулдан бо кори "Шӯрои волидайн ва алоқаи доимӣ бо онҳо”, баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар коллеҷ;
  14. Ташкил намудани озмунҳо ва иштироки фаъолона дар ҳавасмандгардонии роҳбарони беҳтарини гурӯҳҳо ва донишҷӯёни беҳтарин, оид ба масъалаҳои тарбия дар коллеҷ;
  15. Ташкил ва назорати корҳои тарбиявии беруниколлеҷӣ;
  16. Ташкили мҳфилҳои тарбиявӣ;
  17. Иштирок дар ташкили кори китобхона ва Шӯрои он, зиёд намудани хазинаи он ва ташвиқу тарғиби китобхонӣ дар байни донишҷӯён;
  18. Оиди фаъолияти худ соле ду маротиба ҳисобот додан;

^