» » Баргузории ҷашни соли нав
Маълумот оиди хабар
  • Диданд: 1 420
  • Муаллиф: shahzod
  • Сана: 29-12-2016, 10:00
0
29-12-2016, 10:00

Баргузории ҷашни соли нав

Категория: Чорабинихо

Баргузории ҷашни соли нави миллодӣ таҳти унвони  "Марҳабо Соли Нав”
 

       Феълан, ҷаҳони мутамаддин дар остонаи соли нави миллодии 2017, ки бо мӯчали – "Мурғ”, ё бо таъбири мардуми Ғарб: - "Хуруси оташин” оғоз меёбад, қарор дорад. Марбут ба истиқболи Соли Нав, дар МТҒ "Коллеҷи тиббии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров”, як қатор чорабиниҳои илмиву фароғатӣ доир шуда истодааст.Баргузории ҷашни соли нав Баъд аз баргузории озмуни "Интеллект- шоу” санаи 28-уми декабр соли 2016 сол, дар МТҒ "Коллеҷи тиббии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров”, барномаи фароғатӣ – мазҳакавии: - "Марҳабо Соли Нав” баргузор гардид. Мавриди зикр аст, ки ҷалби муҳассилин ба чунин чорабиниҳо, дар партави дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди иҷроиш қарор мегирад. Зеро мутаваҷҷеҳ гардидани ҷавонон ба кору амали чорабиниҳои зеҳниву маданӣ, фарҳангиву фароғатӣ онҳоро аз рафтору кирдорҳои номатлуб дур меангезад.

Бинобар ин, баҳри пиёдасозии сиёсати оқилонаи Сарвари давлат, дар рушди соҳибистеъдодшавии ҷавонон, маъмурият ва ҳайати устодони МТҒ "Коллеҷи тиббии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров”, бештар таваҷҷӯҳи донишҷӯёнро ба корҳои илмиву касбомӯзӣ ва иштирок дар барномаҳои маданиву фарҳангӣ ҷалб менамоянд.Баргузории ҷашни соли нав Барномаи фароғатӣ-мазҳакавии донишҷӯёни Коллеҷ, ки санаи 28 – декабри соли 2016 сурат гирифт, шояд аз ҷиҳати маънавию фарҳангӣ яке аз барномаҳои беҳтарини сол мансуб ёбад. Донишҷӯён бо санъату маҳорати хеш тӯли дуним соат тавонистанд, зиёда аз 750 нафар тамошобинонро дар руҳияи шодиву болидахотирӣ нигоҳ доранд. Мазҳака, ҳаҷв ва санъати рақсиву сурудхонии иштирокчиёни барнома беназир буд. Бинандае, ки бори нахуст аз санъату истеъдоди иштирокчиёни барнома бархудор мегардад, бешак гумон мекард, ки ин ҷавонону гулдухтарон бо ин қадар санъату истеъдоди воло, ҳунармандони касбианд. Вале дар асл ҳамаи иштирокчиён толибилмони бахши дорусозӣ, момодоягӣ ва кори ҳамширагии "Коллеҷи тиббии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров” буданд.Баргузории ҷашни соли нав

Алалхусус, ҳунарнамоии донишҷӯёни ихтисоси "Кори ҳамширагӣ пас аз хатми с. 9”, ки ҳамагӣ 15-16 сола мебошанд, мақбулу писанд ва боиси ҳайрату таҳсини ҳамагон гардид. Гулдухтарон ва навҷавонони ин бахш бо маҳорату санъати хеш исбот намуданд, ки имрӯз наврасону навҷавонони бедордилу соҳибзавқ барои фардои Ватан тарбият меёбанд.

Албатта, баъд аз тамошои чунин барномаҳо бо хотири болида ва бо умеди комил изҳор дошта метавонед, ки ояндаи Ватан боз ҳам накӯфолу некрой хоҳад буд. Зеро бо андешаи нек ва завқи воло тарбият ёфтани ҷавонон минбаъд боиси рушдду равнақи ватани азизамон : - Тоҷикистон хоҳад гашт.

Соли Нав – соли фараҳмандӣ шавад,

Соли иқболу шарафмандӣ шавад!

 
скачать dle 11.0фильмы бесплатно
Шумо ба сайт хамчу мехмон ворид гардидед!
Ба шумо тавсия медихем регистратсия кунед ё бо номи худ дохил шавед.
^